БАРРАСИИ ВАЗЪИ КОРХОНАҲОИ КОРКАРДИ НАФТ

20-уми ноябри соли 2026, Душанбе. – Таҳти раёсати вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо ҷаласаи корӣ оид ба баррасии вазъи техникии корхонаҳои коркарди нафти МОИ «Данғара» ва ҶДММ «Капитал» баргузор гардид.

Дар ҷаласа масъалаҳои барқарорсозии иқтидорҳои истеҳсолӣ, омодагии корхонаҳо барои коркарди нафти хом, инчунин имкониятҳои воридоти ашёи хом аз хориҷи кишвар ва ҷанбаҳои иқтисодӣ, молиявӣ, гумрукӣ ва логистикии он мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зикр шуд, ки ҳамасола ба кишвар ҳудуди 1,8 млн тонна маҳсулоти нафтӣ ба маблағи тақрибан 2 млрд доллари ИМА ворид карда мешавад.

Дар ҷумҳурӣ 13 корхонаи коркарди нафт мавҷуд буда, айни замон танҳо 6 корхона фаъолият доранд.

Ҳаҷми коркарди нафт дар 10 моҳи соли 2026 ба 15 139 тонна расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 547,6 тонна зиёд мебошад.

Таъкид гардид, ки таъмини мунтазами корхонаҳо бо нафти хом ва истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда метавонад ба рушди истеҳсолоти ватанӣ, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти нафтӣ ва коҳиш додани вобастагӣ аз воридоти маҳсулоти тайёр мусоидат намояд.

Дар ин замина, ба масъулин ҷиҳати омӯзиши ҳамаҷонибаи масъала ва таҳияи пешниҳодҳои мушаххас барои ҳалли мушкилоти мавҷуда дастурҳо дода шуданд.