ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

24-уми ноябри соли 2026, Душанбе. – Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандон ҷамъомади тантанавии идона баргузор гардид.

Бо нишони арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ чорабинӣ бо садо додани Суруди Миллӣ ва ворид намудани Парчами давлатӣ ба толор дар фазои мутантан сурат гирифт.

Дар оғози ҳамоиш вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ самимона табрик намуда, зикр кард, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, дар марҳилаи ҳассоси таърихи давлатдории навини тоҷикон ҳамчун рамзи умед, ҳамбастагӣ, сулҳу субот ва муттаҳидии миллат нақши муҳим бозид.

Вазир, ҳамчунин ба таърихи пурғановати парчамдории миллати тоҷик, аз ҷумла Дирафши Ковиёнӣ, ҳамчун рамзи қадимаи давлатдории ниёгон ишора намуда, таъкид кард, ки эҳтиром ба Парчами давлатӣ, пеш аз ҳама эҳтиром ба миллат, таърих, фарҳанг, арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ мебошад.

Сипас, корманди Вазорат Зоҳир Набизода дар мавзуи мақому манзалати Парчами давлатӣ дар низоми давлатдории миллӣ суханронӣ намуд.

Дар фарҷоми чорабинӣ таъкид гардид, ки Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи муқаддаси истиқлолу озодӣ, ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии мардуми Тоҷикистон бояд ҳамеша муҷиби ифтихор ва роҳнамои фаъолияти созандаи ҳар як шаҳрванди кишвар бошад.