Малакаҳои рақамӣ дорӣ? Идеяҳо дорӣ? Мехоҳӣ қобилияти дастаи худро санҷӣ? Пас, ин хакатон барои туст!
Бахши об ба роҳҳои ҳалли нав ниёз дорад ва технологияҳои рақамӣ барои ин имкониятҳои бузург фароҳам меоранд. Таҳлили маълумот, харитаҳои рақамӣ, моделсозӣ ва воситаҳои IT метавонанд барои баланд бардоштани самаранокии системаҳои обтаъминкунӣ ва обпартоӣ мусоидат намоянд.
Мо донишҷӯён ва мутахассисони ҷавонро ба ҳакатони дурӯза даъват менамоем, ки дар он дониш бо масъалаҳои воқеӣ пайваст шуда, идеяҳо имконият пайдо мекунанд, то ба таҳияҳои амалии инноватсионӣ табдил ёбанд!
🚀 Дар ҳакатон чӣ шуморо интизор аст?
🔹 Масъалаҳои воқеии бахши об — кор дар болои кейсҳои техникӣ ва иҷтимоӣ дар соҳаи обтаъминкунӣ ва обпартоӣ, аз ҷумла ҳамкорӣ бо хонаводаҳо ва хизматрасонӣ ба истеъмолкунандагон.
🔹 Истифодаи технологияҳои рақамӣ дар амал — таҳлили маълумот, харитасозии инфрасохтор, моделсозӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли технологӣ.
🔹 Кори дастаҷамъона ва шиносоиҳои нав — бо иштирокчиёни соҳаҳои гуногун муттаҳид шуда, мубодилаи идеяҳо ва таҳияи роҳҳои ҳалли муштарак.
🔹 Дастгирии мутахассисон — машваратҳои мутахассисони IT ва коршиносони бахши об барои рушд ва такмили идеяҳои шумо.
🔹 Имконияти муаррифии натиҷаҳо — таҳияи худро ба ҳайати ҳакамон пешниҳод намуда, нишон диҳед, ки технологияҳо чӣ гуна метавонанд ба ниёзҳои воқеии соҳа ҷавобгӯ бошанд.
🏆 Ҷоизаҳои арзишманд барои ғолибон!
Дастаҳои ҷойҳои 1, 2 ва 3-юм соҳиби ҷоизаҳои арзишманд хоҳанд шуд, аз ҷумла ноутбукҳо, омӯзиши пулакӣ ва обуна ба барномаҳо ва хизматрасониҳои пулакӣ.
🎯 Кӣ метавонад иштирок кунад?
Донишҷӯёни курсҳои 1–4, магистрантҳо ва мутахассисони ҷавоне, ки ба IT, технологияҳои рақамӣ, муҳандисӣ, таҳлили маълумот ва рушди бахши об таваҷҷуҳ доранд.
Махсусан, хатмкунандагони курсҳои омӯзишии малакаҳои рақамиро ба иштирок даъват менамоем! Ин имконияти хубест барои татбиқи донишҳои бадастоварда дар амал, кор дар болои кейсҳои воқеӣ ва санҷидани қобилияти худ дар ҳалли масъалаҳои касбӣ.
📍 Дар куҷо ва кай?
Душанбе, Тоҷикистон
16–17 декабри соли 2026
📝 Чӣ тавр ба хакатон дохил шудан мумкин аст?
Шакли бақайдгириро аз рӯи пайванди зерин пур кунед:
👉 https://forms.gle/Pu8MPTz17spJtPmaA
⏰ Муҳлати пешниҳоди дархостҳо: 5 декабри соли 2026
Ду рӯз. Масъалаҳои воқеӣ. Кори дастаҷамъона. Роҳҳои ҳалли рақамӣ.
Ҳакатон аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити зист» (YGPE) дар ҳамкорӣ бо Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи «Барномаи комплексии ҷалби ҷавонон ба бахши обтаъминкунии Тоҷикистон» ташкил карда мешавад.
Барномаи мазкур дар доираи Лоиҳаи «Сармоягузорӣ ба бахши обтаъминкунӣ ва беҳдошти Тоҷикистон» (WSIP-1), бо дастгирии молиявии Бонки ҷаҳонӣ амалӣ карда мешавад.













