ОМӮЗИШИ ИМКОНИЯТҲОИ БУНЁДИ НЕРУГОҲҲОИ ХУРДИ АТОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

26-уми ноябри соли 2026, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо муовини директори генералии намояндагии Корпоратсияи давлатии «Росатом» дар Осиёи Марказӣ Дмитрий Константинов мулоқот анҷом дод.

Зимни суҳбат масъалаҳои марбут ба роҳандозии ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи энергетика, аз ҷумла омӯзиши масъалаи бунёди неругоҳҳои хурди атомӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо оид ба зарурати омӯзиши ҳамаҷонибаи имкониятҳои техникӣ, иқтисодӣ ва экологӣ, инчунин масъалаҳои таъмини бехатарӣ ва омода намудани мутахассисони соҳа табодули назар намуданд.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи муколама ва баррасии имкониятҳои густариши ҳамкориҳои судманд дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн изҳор доштанд.