БОЗДИДИ ВАЗИР АЗ НБО «САНГИКАР»

27-уми ноябри соли 2026, Рашт. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт аз фаъолияти Неругоҳи хурди барқи обии «Сангикар» боздид намуда, бо вазъи техникию истеҳсолии он шинос гардид.

Ба вазир иттилоъ дода шуд, иқтидори лоиҳавии неругоҳи мазкур 1006 кВт (ду гидроагрегат х 503 кВт) буда, айни замон неругоҳ бо иқтидори 380 кВт фаъолият дорад.

Зимни боздид масъалаҳои вобаста ба ҳолати техникии таҷҳизоту иншооти неругоҳ, самаранок истифода бурдани иқтидорҳои мавҷуда ва таъмини фаъолияти мунтазами он мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Вазир бо таъкид ба аҳамияти истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷудаи энергетикӣ, ба масъулон ҷиҳати баланд бардоштани эътимоднокии фаъолияти неругоҳ, таъмини кори устувори гидроагрегатҳо ва дар ҳолати омодагии доимӣ нигоҳ доштани таҷҳизоту иншоот дар тамоми фаслҳои сол дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Telegram | Facebook | Instagram | Threads | X | linkedin |Website