ДАСТУРИ ВАЗИР БАРОИ ТЕЗОНИДАНИ РАВАНДИ АВТОМАТИКУНОНИИ БАҲИСОБГИРИИ НЕРУИ БАРҚ

27-уми ноябри соли 2026, Рашт. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт бо рафти татбиқи лоиҳаи «Низоми автоматикунонидашудаи назорат ва баҳисобгирии энергияи барқ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ» шинос гардид.

Лоиҳаи мазкур бо мақсади такмили низоми назорат ва баҳисобгирии истеъмоли неруи барқ, коҳиш додани талафоти он, баланд бардоштани сатҳи шаффофияти ҳисоббаробаркуниҳо ва беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ба истифодабарандагон амалӣ карда мешавад.

Дар доираи лоиҳа насби ҳисобкунакҳои зеҳнӣ, ҷорӣ намудани низоми муосири ҷамъоварӣ ва коркарди маълумот оид ба истеъмоли неруи барқ, инчунин қисман навсозӣ ва таҷдиди шабакаҳои барқӣ пешбинӣ гардидааст.

Зимни шиносоӣ вазир ба масъулини соҳа ҷиҳати таъмини иҷрои босифат ва саривақтии корҳои пешбинишуда, риояи талаботи меъёрҳои техникӣ ва қоидаҳои бехатарӣ, истифодаи самараноки таҷҳизоти насбшаванда ва фарогирии пурраи муштариён ба низоми нави баҳисобгирӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Telegram | Facebook | Instagram | Threads | X | linkedin |Website