БАРРАСИИ РАВАНДИ БАРҚАРОРСОЗИИ НЕРУГОҲИ ХУРДИ БАРҚИ ОБИИ «ФАТҲОБОД»

27-уми ноябри соли 2026, Тоҷикобод. – Дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо вазъи кунунии иншоот ва ҳолати техникии таҷҳизоти Неругоҳи хурди барқи обии «Фатҳобод» шинос гардид.

Неругоҳи «Фатҳобод» бо иқтидори лоиҳавии 282 кВт соли 2010 бо мақсади таъмини аҳолии деҳаи Фатҳободи ноҳияи Тоҷикобод бо неруи барқ бунёд гардидааст.

Дар натиҷаи омадани сел дар соли 2024 ба иншооти неругоҳ хисороти расида, фаъолияти он муваққатан қатъ гардидааст.

Вазир зимни шиносоӣ бо вазъи мавҷуда бо масъулони соҳа масъалаҳои вобаста ба бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ, барқарорсозии иншоот ва таҷҳизоти он, инчунин муҳайё намудани шароити зарурӣ барои аз нав ба истифода додани неругоҳро баррасӣ намуда, дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Telegram | Facebook | Instagram | Threads | X | linkedin |Website