ЛОИҲАҲОИ СОҲАИ ЭЛЕКТРОЭНЕРГЕТИКА

Дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалисозии ҳадафи стратегии кишвар ва васеъ намудани имкониятҳои содиротӣ то соли 2025-ум 36 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 2,7 миллиард доллар амалӣ карда шуда, айни замон 18 лоиҳаи дигар ба маблағи 1,6 миллиард доллари ИМА дар марҳилаи амалисозӣ қарор доранд.

Муҳимтарин дастовардҳои соҳа ин мавриди истифода қарор гирифтани иқтидорҳои нави тавлиди неруи барқ, ба монанди неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1» (670 МВт), «Сангтӯда-2» (220 МВт), Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 (400 МВт), ду агрегати аввали Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва неругоҳҳои барқи обии хурд (30 МВт) бо иқтидори умумии 320 МВт, сохтмони дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 500 кВ ва 220 кВ дар НБО «Норак», дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 500 кВ ва 220 кВ Неругоҳи барқи обии «Роғун»,  дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 220 кВ дар НБО «Қайроққум», зеристгоҳҳои барқии 500 кВ-и «Душанбе-500», «Суғд-500», зеристгоҳҳои барқии 220 кВ-и «Лолазор», «Хатлон», «Айнӣ», «Шаҳристон», «Шаҳринав», «Геран-2», хатҳои интиқоли барқи 500 кВ «Ҷануб-Шимол» (ба масофаи 263,8 км), «Душанбе-Роғун» (95,4 км), хатҳои интиқоли барқи 220 кВ «Лолазор-Хатлон» (53,3 км), «Тоҷикистон-Афғонистон» (116 км), «Хуҷанд-Айнӣ» (83,2 км), «Қайроққум-Ашт» (74 км),  «Геран-Румӣ» (78 км), «Қайроққум-Суғд» (63,3 км), «Айнӣ-Рӯдакӣ» (95 км), «НБО «Роғун»-«Роғун» (12,7 км) ва 217,4 км хатҳои интиқоли барқи баландшиддати 110 кВ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба шумор мераванд.

Лоиҳаҳое, ки айни замон амалӣ шуда истодаанд:

1. «Таҷдиди неругоҳи барқи обии Сарбанд» (гидроагрегати №4),

2. «Таҷдиди неругоҳи барқи обии Қайроққум»,

3. «Лоиҳаи минтақавии хати интиқоли барқи CASA-1000»,

4. «CASA-1000 лоиҳаи дастгирии ҷомеа»,

5. «Таҷдиди НБО Норак» (марҳилаҳои 1 ва 2),

6. «Барномаи солимгардонии вазъи молиявии ширкати энергетикӣ»

7. «Электрофикатсияи деҳот»,

8. «Азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетикии ягонаи Осиёи Марказӣ»,

9. «Кам намудани талафоти энергияи барқ дар вилояти Хатлон» (шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтар),

10. «Лоиҳаи рушди соҳаи энергетика» (Кам намудани талафоти энергияи барқ дар шаҳрҳои Душанбе, Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Бӯстон ва ноҳияи Данғара),

11. «Лоиҳаи  пешпардохт барои омодасозии лоиҳаи сохтмони неругоҳи барқи офтобии хусусӣ дар вилояти Суғд»

12. «Таҷдиди шабакаи интиқоли барқи Суғд/ Васеъсозии шабакаи интиқоли барқи Суғд»

Дар ҳудуди ВМКБ:

13. «Лоиҳаи сохтмони «НБО Себзор»;

14. «Лоиҳаи «Электрофикатсияи деҳот» (қисмати ВМКБ)»;

15. «Лоиҳаи байнисарҳадии Шуғнон VI ё бунёди хати интиқоли барқи 110 кВ Хоруғ-Шуғнон»-марҳилаи 1»;

16. «Лоиҳаи самаранокии энергияи барқ ва энергияи барқароршаванда» ё худ сохтмони зеристгоҳи 110/35/10 кВ Вамар»;

17. «Асосноккунии техникии неругоҳи «Чарсем» ва сохтмони 10 км хати интиқоли барқи 35 кВ «Нулванд-Зигар»;

18. «Лоиҳаи  «Энергияи хусусии Помир, марҳилаи 3» .