Баимзорасонии Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федеролии Олмон оид ба ҳамкориҳои молиявӣ барои солҳои 2017-2019

Дуюми августи соли 2018 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимзорасонии Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федеролии Олмон оид ба ҳамкориҳои молиявӣ барои солҳои 2017-2019 баргузор гардид. Созишномаро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири рушди иқтисод ва савдо -Ҳикамтулозода Н.Б. ва аз номи Ҳукумати федеролии Олмон Сафир фавқулода ва мухтори ин кишвар дар Ҷумҳўрии Тоҷикистон- Найтхарт Хёфер-Виссиг имзо намуданд.

Дар доираи созишномаи мазкур Ҳуккмати Олмон дар баробари маблағгузориҳо барои рушди деҳот ҳамчунин, 17 млн. Евро грант барои татбиқи лоиҳаи “Бунёди нерӯгоҳи барқи обии Себзор” пешбинӣ намудааст.

Бояд ёдовар шуд, ки санаи 28-29 майи соли ҷоӣ бо Бонки Умумиҷаҳонӣ музокиротҳои грантӣ вобаста ба лоиҳаи “Барқтаъминкунии деҳаҳои наздисарҳадии ВМКБ ва Хатлон” баргузор гардид, ки дар доираи он Бонки Умумиҷаҳонӣ барои баланд бардоштани иқтидори содиротии нерўгоҳи барқи обии Себзор ҷиҳати омода намудани Асосоноккунии техникию иқтисодии бунёди хати интиқоли барқи “Хоруғ-Ишкошим” 1,4 млн. доллари ИМА  грант пешбинӣ намудааст.

Дар баробари ин, вобаста ба татбиқи лоиҳаи “Бунёди нерӯгоҳи барқи обии Себзор” аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) маблағҳои грант пешбинӣ гардидаанд.