Вохӯрии Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо миссияи Хазинаи байналмилалии асъор

Санаи 25-уми сентябри соли 2019 дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Точикистон вохрии Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонали Усмонзода бо миссияи  Хазинаи байналмилалии асъор таҳти роҳбарии Падамжи Ханделвал баргузор гардид.

Зимни вохурӣ масъалаҳои марбут ба дурнамои молиявӣ ва хатарҳо барои бахши энергетикаи кишвар, маблағгузории Роғун, пардохт ва воридот бо асъори хориҷӣ ва миллӣ, тартиби баҳисобгирии пардхтҳо ва даромад ба буҷаи давлат аз ҳисоби фаъолияти НБО Роғун, шартномаҳои дутарафа байни НБО Роғун ва ШСХК “Барки Точик” афзалиятҳои таҳвили неруи барқ барои содирот ва таъсири НБО Роғун ба иқтисодиёти кишвар мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Ҳамзамон, дар ҷараёни суҳбат ба масъалаҳои усулҳои таҷдиди сохтор ва вазъи молиявии ШСХК “Барқи Тоҷик”, Ҳадафҳо ва самтҳои бартараф намудани қарзи “Барқи Точик”, таҷдиди иттилоот оид ба содироти нерӯи барқ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба дигар равандҳои соҳаи энергетикаи кишвар эътибори хоса зоҳир карда шуд.