ЛОИҲАИ ҚОИДАҲОИ ИСТИФОДАИ ЭНЕРГИЯИ ГАРМӢ

ВАЗОРАТИ ЭНЕРГЕТИКА ВА ЗАХИРАҲОИ ОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ХАДАМОТИ ДАВЛАТӢ ОИД БА НАЗОРАТ ДАР СОҲАИ ЭНЕРГЕТИКА

Қ О И Д А Ҳ О И И С Т И Ф О Д А И Э Н Е Р Г И Я И Г А Р М Ӣ

 ш. Д У Ш А Н Б Е

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз «___» ______________ соли 20__ №___

тасдиқ шудааст.

Қоидаҳои истифодаи энергияи гармӣ

Қоидаҳои мазкури истифодаи энергияи гармӣ (минбаъд Қоидаҳо) дар асоси Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика», «Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия», Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи энергетика таҳия шуда, тартиби истифодаи энергияи барқро муқаррар менамоянд.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1.1. Қоидаҳои мазкур дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд ва иҷроиши он барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ, ҳатмӣ мебошад.

1.2. Дар Қоидаҳои мазкур мафҳумҳои зерин истифода шудаанд:

қабулкунаки энергияи гармӣ – таҷҳизот ё асбоб, ки барои қабул ва истифодаи энергияи гармӣ пешбинӣ шудааст;

ташкилоти гармитаъминкунанда – субъекти хоҷагидоре, ки истеҳсол, тақсимот, фурӯши энергия ва ҳомили гармиро амалӣ менамояд;

истифодабарандаи энергияи гармӣ (муштарӣ) – корхона, ташкилот, муассиса, бино ва иншоот, ки қабулкунакҳои гармиистифодабарияшон ба шабакаи гармӣ пайваст карда шудаанд ва дар асоси шартнома энергияи гармиро истифода мебаранд;

зермуштарӣ – истифодабарандае, ки системаи гармиистифодабарияшон ба шабакаҳои гармии муштарии асосӣ пайваст шудааст ва дар асоси шартнома бо ташкилоти гармитаъминкунанда, энергия ва ҳомили гармиро истифода мебарад;

истифодабаранда-харидафурӯшандаи яклухт – муштарии ташкилоти гармитаъминкунанда, ки ба сифати ташкилоти махсусгардонидашудаи ҳисоби хоҷагӣ фаъолият намуда, дар тавозуни худ шабакаҳои гармӣ дорад, энергияи гармиро яклухт аз ташкилоти гармитаъминкунанда харидорӣ намуда, тибқи шартнома ба истифодабарандагони гуногун мефурӯшад;

сарҳади тобеияти тавозунӣ – хати ҷудокунии ҷузъҳои шабакаи гармӣ, байни ташкилоти гармитаъминкунанда ва муштарӣ, бо аломати ҳуқуқи мулкдорӣ ё асоси дигари ҳуқуқӣ ба ин ҷузъҳо;

сарҳади масъулияти истифодабарӣ – хати ҷудокунии шабакаи гармӣ ё ҷузъҳои он, бо аломати масъулияти истифодабарӣ, ки бо шартнома муқаррар карда мешавад;

нуқтаи баҳисобгирӣ – нуқтаи нақшаи гармитаъминкунӣ, ки бо ёрии асбобҳои андозагирӣ (ҳисобгираки гармӣ) ва дигар усулҳо, ки бузургии хароҷоти энергияи гармиро муайян мекунад;

сарбории (тавоноии) гармии шартномавӣ ҳосили ҷамъи борҳои гармии максималии ҳамаи дастгоҳҳои гармиистифодабарандаи муштарӣ ва сарфи максималии яксоатаи миқдори (ҳаҷми) гармии ба вай мувофиқ, ки дар шартномаи байни ташкилоти гармитаъминкунанда ва муштарӣ нишон дода шудааст;

истифодаи шартномавии энергияи гармӣ ҳаҷми бо шартнома муқарраршудаи энергияи гармии истифодашавандаи муштарӣ;

фармоишгар – шахси ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки дар асоси шарти техникӣ ба шабакаи ташкилоти гармитаъминкунанда дастгоҳҳои гармиистифодабарандаи худро пайваст менамояд;

сифати энергияи гармӣ – мутобиқати нишондиҳандаҳои гармӣ дар сарҳади тобеияти шабакаҳои гармидиҳӣ ба меъёрҳои бо қонунгузорӣ ва стандартҳои соҳавӣ муқарраршудаи энергияи гармӣ;

гиреҳи баҳисобгирии муштарӣ – маҷмӯи асбобҳо ва таҷҳизоте, ки ҳисоби энергия ва ҳомили гармӣ (ҳаҷм), инчунин назорат ва бақайдгирии андозаҳои онро таъмин мекунад.

 

БОБИ 2. ПАЙВАСТИ ДАСТГОҲҲОИ ГАРМИИСТИФОДАБАРАНДАИ МУШТАРИҲО

Муфассал дар : Қоидаҳои истифодаи энергияи гармӣ.pdf