Рафти татбиқи лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар ҷамоати деҳоти Ромит»  

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷараёни сафари кориашон ба шаҳри Ваҳдат 4 июни соли 2016 баён доштанд аз ҷониби Вазорат бо Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (KOICA) вобаста ба масъалаи барқтаъминкунии ҷамоати деҳоти Ромит (деҳаҳои Қоху, Девдара, Новаки поён, Новаки боло, Пушандоч, Вистан, Дашти мазор, Ғускеф ва Пичеф)  ҳамкориҳо ба роҳ монда шуд.

Дар доираи лоиҳаи мазкур (Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар ҷамоати деҳоти Ромит) Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (KOICA) барои барқтаъминкунии деҳаҳои мазкур сохтмони як адад зеристгоҳи барқии 110/20/10 кВ (бо насби як адад трансформатори 10 МВА), сохтмони тахминан 500 м хати интиқоли барқи 110 кВ, 46,75 км хати интиқоли барқи 20 кВ, сохтмони хатҳои интиқоли барқи 0,4 кВ (15 км) дар ҳамаи деҳаҳо, насби 9 адад трансформаторҳои 20/0,4 кВ ва насби низоми ҳисоби нерўи барқро пешбинӣ намудааст.

Вобаста ба масъалаи мазкур, лоиҳаи Протоколи музокирот байни Вазорат ва  Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (KOICA) таҳия ва дар заминаи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2017, № 113634 (22-9) бо вазорату идораҳои дахлдори кишвар мувофиқа ва санаи 18 феврали соли 2018 ба имзо расонида шуд. Барои татбиқи лоиҳа  аз ҷониби Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (KOICA) 6,0  млн. доллари ИМА грант ҷудо гардидааст.

Дар робита ба ин тибқи озмуни байналмиллали ширкати                  ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” ҳамчун ширкати пудрати дар лоиҳаи мазкур интихоб гардида санаи 12 июли соли 2019 байни Вазорат ва ширкати мазкур шартнома ба имзо расонида шуд.

Татбиқи лоиҳа пеш аз ҳама барои дастрасии мардуми деҳот ба нерўи барқ нигаронида шуда он имкон фароҳам меорад, ки сокинони деҳаҳои Қоху, Девдара, Новаки поён, Новаки боло, Пушандоч, Вистан, Дашти мазор, Ғускеф ва Пичеф бо нерўи барқ дастрасӣ пайдо намоянд.

Анҷоми лоиҳаи мазкур моҳи сентябри соли 2020 ба нақша гирифта шудааст.