Рафти татбиқи лоиҳаи «Таҷдиди нерӯгоҳи барқи обии Сарбанд бо иқтидори 240 МВт»

Иқтидори лоиҳавии неругоҳи барқи обии Сарбанд, 240 МВт-ро ташкил дода 4-умин неругоҳи калон аз лиҳози иқтидор пас аз нерӯгоҳи -и Норак (3000 МВт), Сангтуда 1 (670 МВт) ва Бойғозӣ (600 МВт) ба ҳисоб меравад.

Сохтмони неругоҳи мазкур соли 1956 оғоз гардида, нергоҳи мазкур аз 6 агрегат иборат мебошад ва аввалин агрегати он соли 1962 ба кор дароварда шудааст.

Бо мақсади таҷдиди пурраи Нерӯгоҳи мазкур санаи   23 декабри соли 2013 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Рушди Осиё созишномаи грантӣ ба маблағи 136 млн. доллари ИМА ба имзо расонида шуд. Мувофиқи созишнома лоиҳа аз ду қисмат иборат буда, дар доираи қисмати якуми он  пурра иваз намудани  5 агрегат (№ 1,2,3,5 ва 6), иваз намудани 2 адад автотрансформатори қудратии 220 МВА, бинои нави идоракунӣ ва дигар корҳои ба он алоқаманд ва дар қисмати дуюми лоиҳа бошад, таҷдиди дастгоҳҳои тақсимкунандаи кушодаи 220/110 кВ дар Нерӯгоҳ пешбинӣ гардидааст.

Лозим ба ёдоварист, ки агрегати № 4-и Нерӯгоҳ дар давоми солҳои  2010-2012  аз ҳисоби маблағҳои қарзии Бонки Исломии Рушд пурра иваз карда шуда буд.

Мувофиқи пешгуиҳои мутахассисон, дар натиҷаи татбиқ намудани лоиҳаи “Барқарорсозии нерӯгоҳи барқи обии Сарбанд бо иқтидори 240 МВт” иқтидори неругоҳ ба 270 МВт бардошта шуда, сатҳи хизматрасонӣ дар нерӯгоҳ ва таъминоти нерӯи барқ ба таври назаррас баланд хоҳад гардид.

Дар натиҷаи баргузории тендери байналмилалӣ санаи 25 октябри соли 2016 байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва ширкати Sinohydro (ҶХХ) шартома ба имзо расонида шуд.

Айни замон корҳо ҷиҳати ивази агрегатҳои № 5 ва №6 пурра ба анҷом расонида шуда, расман ба истифода дода шуд. Корҳо ҷиҳати ивази агрегати №2 ба роҳ монда шудаанд.

Оиди барқарорсозии зеристгоҳи Восеъ 110/35/10кВ, сохтмони зеристгоҳи нави Рӯдакӣ 110/10кВ ва хати интиқоли барқи 110кВ барои пайваст намудани ин зеристгоҳҳо корҳои лоиҳакашӣ ба роҳ монда шудаанд.

Анҷоми лоиҳаи мазкур моҳи октябри соли 2022 ба нақша гирифта шудааст.