Интихобот- маъракаи муҳими сиёсӣ

Дар Вазорат бо иштироки роҳбарият ва масъулини воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ  ва зерсохторҳои он, масъулини Комиссияи марказии интихоботӣ ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ оид ба гузаронидани маъракаи интихоботии Президенти   Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид.

Дар он оид ба принсипҳои асосии баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаҳои омодагӣ ва иштироки фаъолона дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ, ки ояндаи ватани маҳбуби моро муайян мекунад, муҳокима ва баррасӣ гардид.

Қайд гардид, ки интихобот ва иштироки фаъолона дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ вазифаи ҳар як шаҳрванд ва хизматчии давлатӣ маҳсуб меёбад.