Рафти татбиқи супориши Пезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешгирии сироятёбӣ ба бемории COVID 19

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки вобаста ба пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ дар давраи пандемияи сирояти коронавирус COVID-19 баён гардида буданд, камари ҳиммат баста, якҷо бо ниҳодҳои зертобеъи худ барои дар амал татбиқ намудани он кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.

Вобаста ба ин, аз ҷониби роҳбарияти Вазорат ва масъулин дар асоси талаботи муқаррарнамудаи Ситоди ҷумҳуриявии пешгирӣ аз паҳншавӣ ва интиқоли сирояти коронавирус ( CОVID-19) ба тамоми кормандони дастгоҳи марказии Вазорат ва зерсохторҳо ҷиҳати қатъиян риоя намудани маҷмўи талаботи гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ ва мунтазам безарар гардонидани биною утоқҳои корӣ тавсияҳои қатъи дода шудааст.

Илова бар ин, ба роҳбарияти муассисаҳои таълимии зертобеи Вазорат низ супоришҳои қатъӣ вобаста ба роҳандозӣ ва пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемиологӣ баён гардида, биноҳои таълимӣ, хобгоҳҳои донишҷўён, маъмурият, толорҳои варзишӣ, партовгоҳҳо ва ҳоҷатхонаҳои ин муассисаҳои таълимӣ мунтазам бо воситаҳои зиддисептикӣ ва дигар маҳлулҳои баҳри ин мақсадҳо равонакардашуда ҳамарўза безарар гардонида мешаванд.

Ҳангоми воридшавии кормандон ва дигар шахсон ба бинои асосии Вазорат, биноҳои зертобеъ ва муассисаҳои таълимии тобеи Вазорат зери пойафзол ва дастони онҳо безарар ва ҳарорати онҳо санҷида шуда,  корманди соҳибтахассуси тиб, ки аз муассисаи тиббии дар наздикӣ воқеъбуда ҷалб карда шудааст, ҳамарўза аз пагоҳ то бегоҳи рўзҳои корӣ дар даромадгоҳи бинои асосии Вазорат тибқи дастурамали тиббии фавқулодда бо либоси махсуси муҳофизатӣ таъмин карда шуда, таби кормандон ва дигар шахсони ба бино воридмегардидаро санҷида, дигар талаботи баҳри муҳофизат аз сироятёбӣ муайянгардидаро роҳандозӣ менамояд.

Илова бар ин, кормандони Вазорат ба кўчаҳои ба зиммаи Вазорат вогузоргардидаи шаҳри Душанбе барои бароҳандозии корҳои фаҳмондадиҳи сафарбар карда шуда буданд.

Маврид ба қайд аст, Вазорат ҷиҳати назорати қатъи, пайгирӣ аз татбиқи чораҳои пешгирӣ вобаста ба паҳн нагардидани сирояти нави коронавирус (COVID-19) дар ҳудуди ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бо раиси ноҳияи Роштқалъа дар иртиботи ҳамешагӣ қарор дошта, ҷиҳати бароҳандозии корҳои фаҳмондадиҳӣ байни аҳолӣ вобаста ба риояи қоидаҳои гигиению санитарӣ ва дигар амалҳои зиддӣ ин беморӣ кӯшиш ба харҷ дода истодааст.

Айни замон дар ноҳия барои пешгирӣ аз ин беморӣ дар Беморхонаи вилоятии касалиҳои руҳӣ 50 кати хоб, дар Беморхонаи марказии ноҳиявӣ 43 кати хоб мавҷуд мебошанд. Маркази саломатии деҳаи Тавдем, ки солҳои пеш ҳамчун беморхонаи минтақавӣ фаъолият менамуд, бо 20-кати хоб таъмин карда шудааст.

Бояд иброз дошт, ки бо мақсади дастгирии табибон ва дигар эҳтиёҷмандон аз ҷониби Вазорат, бо такя ба дастгириву кўмакҳои шарикони рушд, кўмакҳои хайриявӣ, иборат аз 2000 дона ниқоби муҳофизатӣ ва 60 дона маҳлули зиддисептикии ҳаҷми 0,5 л ба бунгоҳҳои тиббӣ ва муассисаҳои таҳсилотии ноҳияи Рошқалъаи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон расонида шуда.

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳои Ситоди ҷумҳуриявиро оид ба пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ дар давраи хуруҷи сирояти коронавирус COVID-19  зери назорати қатъи қарор дода, пешниҳоди маълумоти воқеии ҳамарўзаро таъмин хоҳад намуд.