Назарзода Назар Раҷаб

Муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

23 ноябри соли 1963 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.

Соли 1985 Институти политехникии Тоҷикистонро ба номи академик М.С.Осимӣ хатм кардааст бо ихтисоси Муҳандиси барқ

Забонҳои русӣ ва англисиро медонад

Дар соли 2018 бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шудааст. Оиладор соҳиби панҷ фарзанд мебошад

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1985-1986        Устои алоқаи Силсилаҳои неругоҳои барқии обии Вахш

Солҳои 1986-1988        Муҳандиси Умури дифои релегӣ ва автоматикаи Шабакаҳои барқии Кӯлоб.

Солҳои  1988-1990       Муҳандиси калони Умури дифои релегӣ ва автоматикаи Шабакаҳои барқии Кӯлоб.

Солҳои 1990-1995        Сардори Умури дифои релегӣ ва автоматикаи Шабакаҳои барқии Кӯлоб.

Солҳои 1995-2002        Сармуҳандиси Корхонаи масъулияташ маҳдуди таъмирию сохтмонии «Барқ».

Солҳои  2002-2003       Муњандиси Умури дифои релегӣ ва автоматикаи Шабакаҳои барқии  Марказӣ.

Солҳои 2003-2004        Муҳандиси пешбари Умури дифои релегӣ ва автоматикаи Шабакаҳои барқии Марказӣ.

Солҳои 2004-2007        Муовини сардори Умури дифои релегӣ ва автоматикаи ШСХК «Барқи Тоҷик»-и  Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2007-2008        Сардори Умури дифои релегӣ ва автоматикаи ШСХК «Барқи Тоҷик».

Солҳои 2008-2009        Эксперти байналхалқии ширкати машваратии SOFRECO (Фаронса) дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон

Солҳои 2009-2011        Мушовири калони Ширкати машваратии Advanced Engineering  Associtaes  International (ИМА) дар ҷумҳурии Исломии Афғонистон

Соли 2012 (02-08)         Мушовири Гуруҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти гидроэнергетикии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2012-2013        Муовини директори Гуруҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти гидроэнергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Соли 2013 (10-12)         Сардори Департаменти шабакаҳои интиқоли барқи ШСХК «Барқи Тоҷик».

Солҳои 2013-2020           Директори иҷроияи Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика».

Аз 3-ноябри соли 2020 Муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон