Таҷлили ҷашни Наврӯз ва Рӯзи ҷахонии об дар Вазорат

19 марти соли равон дар Вазорати энергетика ва захирҳои об бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз ва Рӯзи ҷаҳонии об, ки ҳамасола 22-юми март дар саросари дунё таҷлил карда мешавад, бо иштироки кормандони дастгоҳи марказии Вазорат ва нињодњои зертобеъ ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Муовини якуми Вазири энергетика ва захираҳои об Ҷамшед Шоимзода ҳозиринро ба муносибати ин ду санаи муҳим табрик намуда, ҳамзамон қайд намуд, ки халқи шарифи тоҷик имрӯзҳо иду ҷашнҳои зиёдро бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил менамояд, вале дар байни хама ин идҳо Наврӯз мақоми махсус дорад.

Шоимзода Ҷамшед бо ёдоварӣ аз суханони Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки ҷашни Наврӯз воқеан ҳам муҳимтарин ва муқаддастарин оинҳои миллии мо буда, шукӯҳу шаҳомат ва таъриху тамаддуни куҳандиёри моро таҷассум менамояд.

Қайд гардид, ки  30 сентябр соли 2009 иди миллии аҷдодони мо – Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба Рӯйхати намояндагии мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил карда шудааст ва 23 феврали соли 2010 маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашни ниёгон дар 64- умин ичлосияи Маҷмаи Умумии СММ 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз эътироф гардид.