Иштирок ва суханронии Вазири энергетика ва захираҳои об дар Форуми иқтисодӣ дар доираи Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Туркменбошии Туркманистон

Санаи 6-уми августи соли равон дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон ва вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар минтақаи сайёҳии “Аваза”-и шаҳри Туркманбошии Туркманистон Форуми иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар он дар ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири энергетика ва захираҳои об Ҷумъа Далер Шофақир иштирок ва суханронӣ намуд.

Далер Ҷумъа сароғоз иброз намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба боз ҳам вусъат бахшидани равобиту ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо кишварҳои Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.

Вазири энергетика ва захираҳои об зимни баромадаш ҳамчунин қайд намуд, Тоҷикистон дорои захираҳои бойи обиву энергетикӣ ва назарраси ангишт ва нафту газ мебошад. Имрӯзҳо нерӯи барқи аз ҳисоби ин захираҳо истеҳсолшаванда ҳамагӣ 10 фоизи истеҳсолро ташкил намуда, 90 фоизи боқимонда дар неругоҳҳои барқӣ обӣ рост меояд.   Ин энергияи аз лиҳози экологӣ тоза буда, иқтидори умумии он зиёда аз 527 миллиард кВт. соат дар солро ташкил медиҳад. Айни замон, истеҳсоли миёнасолонаи неруи барқ дар кишвар зиёда аз 20 млрд. кВт. соатро ташкил медиҳад.

Мусаллам аст, ки бо тағйирёбии иқлим барои Тоҷикистон муҳим аст, ки кӯшишҳои худро баҳри бунёди иншоотҳои нави тавлиди неруи барқ дар заминаи неругоҳҳои барқи ҳароратӣ идома диҳад. Ин яке аз нақшаҳои имрӯзаи Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон оид ба диверсификатсияи манбаъҳои истеҳсоли энергия ба шумор меравад.

Вазири энергетика ва захираҳои об ҳамчунин оид ба минтақаҳои ояндадори нафту газ дар ҷумҳурӣ сухан намуда, иброз дошт, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон зиёда аз 250 адад сохторҳои ояндадори нафту газ ошкор карда шудаанд. Ва, албатта, бояд иброз дошт, ки Тоҷикистон дар азхудкунии муштараки захираҳои гафту газ, ки захираи калон доштани онҳоро иутахассисон арзёбӣ намудаанд, қадамҳои нахустини худро гузошта истодааст.

Вазири энергетика ва захираҳои об Ҷумъа Далер Шофақир ҳамчунин имкониятҳои васеи сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаҳои обу энергетика муаррифӣ намуда, таклифҳои судманд пешниҳод намуд.

Бояд қайд кард, ки дар Форуми иқтисодӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар Осиёи Марказӣ байни иштироккунандагон  мубодилаи афкор ва муҳокимаи васеъ сурат гирифт.

Аз ҷониби ҳайати Тоҷикистон изҳори боварӣ карда шуд, ки натиҷаҳои Форуми иқтисодии баргузоргардида барои боз ҳам вусъат бахшидани  ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар оянда мусоидат хоҳад кард.