Вохӯрӣ бо Директори минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ

24 – августи соли 2021 дар толори маҷлисгоҳи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа Шофакир бо Директори минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ хонум Татяна Проскурякова ва Намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Озан Севимли баргузор гардид.

Дар мулоқот ҷонибҳо оиди дурнамои хамкорӣ, татбиқи лоихахои амалишаванда дар мамлакат мубодилаи афкор намуда, дар баробари ин масъалаҳои таҳким бахшидани ҳамкориҳо дар самти татбиқи лоиҳаҳо дар минтақа низ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ҷонибҳо инчунин татбики лоиҳаи НБО – Роғун, нақшаи маблағгузории лоиҳа ва ислоҳоти сохаи энергетикаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Махсусан, масъалаҳои ҳамкориҳои минбаъда барои татбиқи иқтидори мавҷудаи ҷумҳурӣ дар соҳаи обу энергетика муҳокима карданд.

Дар ҷараёни мулоқот Далер Ҷумъа нақшаҳои ҳукуматро дар бораи бунёди батареяҳои офтобӣ бо иқтидори умумии 700 МВт зикр кард. Ин ташаббус ба стратегияи рушди бахши энергетикӣ асос ёфтааст ва яке аз самтҳои ояндадор дар диверсификатсияи манбаъҳои тавлидӣ ба шумор меравад.