Форуми байналмилалии сармоягузории Душанбе-Инвест-2021

14 октябри соли 2021 дар Китобхонаи миллӣ панели “Тоҷикистон – имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаи энергетика” дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузории Душанбе-Инвест-2021 таҳти раисии Вазири энергетика ва захираҳои об – Ҷумъа Далер Шофақир дар мавзӯи “Тоҷикистон – имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаи энергетика” доир гардид.

Дар кори Форуми мазкур дар баробари аъзоёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони ширкатҳои бонуфузи сармоягузории хориҷӣ, созмонҳои молиявии байналмилалӣ, аз ҷумла роҳбари дафтари Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – хонум Рикка Ишии,  намояндаи доимии Бонки Рушди Осиё – хонум Шенни Кемпбелл, директори намояндагии Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҷаноби Такасака Мунео, муовини Директори Бонки авруосиёии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҷаноби Садыхов Паша, олимони маъруф ва ходимони шоёни давлатӣ аз мамлакатҳои мухталифи Ҷаҳон иштирок намуда истодаанд.

Дар панели Форуми мазкур мавзӯҳои татбиқи афзалиятҳои стратегии Тоҷикистон дар бахши энергетика, татбиқи ислоҳоти соҳа, дурнамои сиёсати тарифию танзимӣ, рушди хизматрасониҳои энергетикӣ, роҳҳои баланд бардоштани таъминот ба нерӯи барқ, имкониятҳои иштироки фаъолонаи бахши хусусӣ дар рушди соҳа ва дигар мавзӯҳои мубрам ва ќобили таваҷҷуҳ мавриди баррасӣ қарор гирифт.