Мулоқоти кории Далер Ҷумъа – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Николай Шулгинов – Вазири энергетикаи Федератсияи Россия

18 ноябри соли 2021 дар шаҳри Москва мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Вазири энергетикаи Федератсияи Россия Николай Шулгинов баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои марбут ба рушди соҳаи электроэнергетика, аз он ҷумла фаъолияти НБО Сангтӯда-1, ки дар асоси созишномаҳои байниҳукуматӣ бунёд гардидааст, фароҳам овардани имкониятҳои истихроҷи нафту газ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин вобаста ба идомаи ҳамкориҳои судманд доир ба масъалаи воридоти маҳсулоти нафту газ аз Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як катор масъалаҳои ҳамкориҳои минбаъдаи ҳарду ҷониб дар ин ва дигар самтҳо, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Изҳори назар гардид, ки баҳри тавсеа ва ҳалли масъалаҳои дар рӯзномаи мулоқоти кории мазкур дарҷгардида, ки дар маҷмуъ барои вусъатбахшии ҳамкориҳои мутақобилан судманди бисёрҷониба байни ин ду кишвари ба ҳам дӯст равона карда шудаанд, минбаъд низ кӯшишҳо ба харҷ дода хоҳанд шуд.