Нишасти матбуотӣ

31 январи соли равон, соати 15:00 дар толори маҷлисгоҳои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ бо натиҷахои фаъолияти тамоми соҳаҳои Вазорат дар соли 2021 баргузор мегардад. 

Хамаи намояндагони воситахои ахбори оммаро эхтиромона даъват менамоем.

 

Дар соли 2021 корхонаю муассисаҳои соҳаҳои марбут ба Вазорати энергетика ва захираҳои об фаъолияташонро дар самти иҷрои дастуру супоришҳои дар паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ баённамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои барномаҳои  соҳавии рушди  энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурӣ равона намуда, дар доираи салоҳияту уҳдадориҳои базиммадошта Ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати ягонаи энергетикӣ ва истифодаи самараноки захираҳои обии кишвар, аз Ҷумла дар самти бунёд ва таҷдиди иқтидорҳои истеҳсолии энергетикӣ, сохтмон ва таъмири инфрасохтори энергетикӣ, афзоиши имкониятҳои содиротӣ корҳои муайянеро ба анҷом расониданд.

Ҳамзамон, Вазорат, Ҷиҳати пурра дар амал татбиқ гардидани масъалаҳои таҷдид дар манбаъҳои тавлиди неруи барқ ва пешбурди ташаббусҳои Ҷаҳонии байналмилалии Роҳбарияти олии кишвар дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо, ки масъалаҳои рўзмарра ба шумор рафта, аз Ҷониби Ҷомеаи Ҷаҳонӣ эътироф ва ҳамовозӣ пайдо намудаанд, саҳмгузор хоҳад буд.

Дар соли 2021, истеҳсоли  неруи  барқ дар Ҷумҳурӣ 20  млрд. 624,6 млн. кВт. соатро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2020, 853,8 млн. кВт. соат зиёд буда, суръати афзоиш 104,3 % таъмин карда шуд. Истеҳсоли неруи гармӣ дар соли 2021 ба 1 млн. 208,6 ҳазор Гкал баробар шуда, нисбат ба соли 2020, 46,7 ҳазор Гкал ё  4 % зиёд мебошад.

 Марказҳои барқу гармидиҳӣ, дегхонаҳои «Ғарбӣ» ва «Шарқӣ» тибқи нақша дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 истеҳсоли худро бо истифода аз гази табиӣ ва ангишт дар ҳаҶми 515 Гкал/соат пешбинӣ намуданд. Аз аввали мавсим интиқоли энергияи гармӣ оғоз гардида, айни замон, 343 Гкал/соат энергияи гармӣ ба 2 763 иншоот интиқол шуда истодааст, ки 100%-и нақшаро ташкил медиҳад.

Дар соли 2021 дар ҳаҶми 839,5 ҳазор тонна ангишт дастрас гардида, айни замон  захираи он 364 349, 776 тоннаро ташкил медиҳад.

Бояд қайд намуд, ки дар соли 2021 дар натиҷаи андешида шудани тадбирҳои зарурӣ ва роҳандозӣ гардидани чораҳои амалӣ дар самти таъминоти ангишт ба марказҳои барқу гармидиҳӣ ва дегхонаҳо фаъолияти муътадили онҳо таъмин ва бидуни мушкилот гузаронидани мавсими сармо ба роҳ монда шуда, бо истифода аз тамоми имкониятҳо, корҳои зарурӣ давоми мавсим идома дода хоҳанд шуд.

ҲаҶми содироти энергияи барқ дар умум 2 млрд. 439,2 млн. кВт. соатро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2020, 911,6 млн. кВт. соат зиёд буда, суръати афзоиш 159,6 % -ро ташкил дод.

Неруи барқ асосан ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 1 млрд 213,1 млн. кВт. соат ба маблағи 612,2 млн. сомонӣ ва ба Ҷумҳурии Ўзбекистон дар ҳаҶми 1 млрд. 145,7 млн. кВт. соат ба маблағи 259,4 млн. сомонӣ содирот карда шуд. Содироти неруи барқ ба ин кишварҳо асосан дар моҳҳои серобӣ (май-сентябри соли 2021) зиёд буда, аз ҷумла дар ин моҳҳо ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон – 1 млрд. 073 млн.459 ҳазор кВт.соат, ба Ҷумҳурии Узбекистон – 1 млрд. 153 млн.966 ҳазор кВт. соатро ташкил дод.

Ҷамъоварии умумии маблағи энергияи барқ 93,6 % ё 3 млрд. 113,6 млн. сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2020 (2 млрд. 728,5 млн. сомонӣ) ба маблағи 385,1  млн. сомонӣ ё 14,1 % зиёд мебошад.

Сабабҳои асосии зиёд гардидани Ҷамъоварӣ ин беҳтар ба роҳ мондани корбарӣ дар самти Ҷамъоварии маблағи энергияи барқ, пурзўр намудани назорати кори низоми биллингӣ, пурзўр намудани идоракунии корпоративӣ ва Ҷорӣ намудани усулҳои муосири хизматрасонӣ барои муштариён ба ҳисоб мераванд.

Дар давраи ҳисоботӣ, бо дарназардошти Ҷараёни ислоҳот дар соҳа ва ҳамзамон таъсис дода шудану таъмини оғози кори  ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” ва ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” мусбӣ арзёбӣ гардида, ин дар идоракунии соҳа натиҶаҳои мусбиро дар соли сипаригардидаи 2021 ба бор овард.

Бояд иброз дошт, ки айни замон, дар асоси технологияи муосири (барномаи билингӣ) дар соҳа Ҷоригардида, ирсоли СМС–паёмак ба муштариён оид ба маълумотҳои нишондодҳои ҳисобкунак, сарфи энергияи барқ, ҳисоби маблағи барқи истифодашуда, пардохти он ва бақия баъди сабти электронӣ ва ё баъди пардохти маблағ роҳандозӣ карда шуд, ки ҳадаф аз он шаффофият дар ҳисобу китоби дақиқи энергияи барқ ба ҳисоб меравад. Дар натиҷа, сатҳи хизматрасонӣ ба муштариён баланд бардошта шуда, Вазорат айни замон дар якҶоягӣ бо Ҷамъиятҳои шабакаҳои интиқол ва тақсимоти барқ барои дар тамоми қаламрави кишвар ҷорӣ намудани системаҳои электронии идоракунии истифодаи энергияи барқ тавассути истифодаи технологияи муосир, корҳоро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондааст.

Дар соли 2021 дар соҳаи электроэнергетикаи кишвар дар баробари вусъатбахшии корҳо дар бунёди НБО “Роғун” – ин иншооти тақдирсози миллат, ҳамчунин 18 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 16,6 млрд. сомонӣ татбиқ шуда истодааст. Ҳамчунин, санаи 10 июни соли 2021, байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон Созишнома доир ба таъсис додани Ҷамъияти саҳомии муштарак, омодасозии арзёбии техникӣ-иқтисодии сохтмон ва истифодабарии ду неругоҳи барқи обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон ба имзо расонида шуда, айни замон раванди таъсисдиҳии ҷамъияти саҳомӣ идома дорад.

Дар ин давра, дар доираи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ низ тадбирҳои зарурӣ андешида шуд. Аз ҷумла, дар соли 2021 дастгоҳҳои тақсимкунандаи кушодаи 220 ва 110 кВ дар НБО “Сарбанд” ва агрегати №3 бо иқтидори лоиҳавии 49 МВт мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Ҳамзамон, санаи 29 сентябри соли 2021 бо иштироки бевоситаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии ТоҶикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ ба фаъолияти зеристгоҳҳои барқии «Хоруғ» ва «Помир-1» оғоз бахшида шуд. Бо ба кор даровардани иншооти мазкур, марҳилаи нав ва таърихии таъмини неруи барқ дар ВМКБ оғоз шуд, зеро нахустин маротиба системаи энергетикии вилоят ба иқтидори 110 кВ расонида шуд.

Илова бар ин, санаи 17 марти соли 2021 маросими қабули расмии лоиҳаи “Бунёди зеристгоҳи барқии нави 110 кВ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва “ТаҶдиди зеристгоҳи барқии 110 кВ “Саноатӣ” дар ноҳияи Синои пойтахт, бо иштироки бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, баргузор гардид.

Ҳамзамон, дар ин давра татбиқи лоиҳаҳои таҷдиду азнавсозии нерўгоҳҳои барқи обии “Норак” ва “Қайроққум” ва лоиҳаҳои минтақавии CASA-1000 ва “Азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетикии ягонаи Осиёи Марказӣ” идома дода шуданд.

Дар ин давра, вобаста лоиҳаҳои «Кам намудани талафоти неруи барқ дар шаҳри Душанбе»  ва «Сохтмони хати интиқоли барқи 110 кВ Хоруғ-Қозидеҳ» бо шарикони рушд музокиротҳо баргузор гардида, созишномаҳои дахлдор ба маблағи умумии 35 млн. доллари ИМА, ки аз он 10 млн. доллар маблағҳои грантӣ ва 25 млн. доллар маблағҳои қарзӣ мебошанд, ба имзо расонида шуд. Ҳамзамон, санаи 23 ноябри соли 2021 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Умумиҷаҳонӣ вобаста ба Ҷалби маблағҳои грантии иловагӣ дар ҳаҶми 65,0 млн. доллари ИМА оид ба маблағгузории лоиҳаи “Таҷдиди нерўгоҳи барқи обии Норак” музокирот баргузор ва протоколи музокирот ба имзо расонида шуд.

Дар маҷмуъ, маблағҳои дар ин давра барои рушди соҳа ҷалбгардида,            100,0 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳанд, ки аз он 75 млн. доллари ИМА грант ва 25,0 млн. долларашро маблағҳои қарзӣ ташкил медиҳанд.

Соҳаи нафту газ. Бояд иброз дошт, ки рушди  соҳаи нафту газ низ яке аз самтҳои калидӣ барои расидан ба Истиқлолияти энергетикӣ маҳсуб меёбад. Дар соли 2021 аз Ҷониби соҳибкорон ва Ҷамъиятҳои ватанӣ маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ асосан аз Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Узбекистон ва Туркманистон дар ҳаҷми 1096104 тонна ворид карда шудааст. Аз ҷумла, бензин 242 393 тонна, сўзишвории дизелӣ 345 120 тонна, сўзишвории реактивӣ 23 084 тонна, мазут 119 тонна, битум 24 113 тонна, равғанҳои молиданӣ 14 333 тонна, дигар намуди маҳсулоти нафтӣ 126 тонна, кокси нафтӣ 36 306 тонна ва гази моеъ 410 506 тонна. Дар давраи ҳисоботӣ воридоти маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ нисбат ба соли 2020, 23490 тонна ё 2,2 фоиз зиёд мебошад.

Истихроҷи нафт дар соли 2021 ҳамагӣ 24 634,9 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2020, 168,9 тонна зиёд буда, суръати афзоиш 100,7 % -ро ташкил дод. ИстихроҶи гази табиӣ бошад, 762 ҳаз. м3-ро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2020, 84 ҳаз. м3 зиёд буда, суръати афзоиш 112,4 % -ро ташкил дод.

Соҳаи захираҳои об. ҷиҳати татбиқи ислоҳоти соҳаи об, ҷорӣ намудани механизмҳои пешқадами институтсионалӣ ва ҳуқуқӣ дар соҳаи об, ба роҳ мондани ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳама бахшҳои истифодабарии об, пешбурди сиёсати обӣ дар кишвар ва барқарор намудани инфрасохтори хоҷагии об ва беҳдошт дар давраи ҳисоботӣ корҳои муайяне ба анҶом расонида шуданд.

Аз ҷониби ташкилоту идораҳо аз сарчашмаҳои гуногуни обгирӣ зиёда аз 9 838,6 млн.моб гирифта шудааст, ки истифодаи ҳақиқии он бе талафот 7 735,3 млн.м3 – ро ташкил медиҳад. Аз Ҷумла 4 888,6 млн.м3 ба мақсади обёрӣ,  148,9 млн.м3 бо мақсади таъмини оби ошомиданӣ ба аҳолӣ, 0,3 млн.м3 бо мақсади обтаъминкунии деҳот, 50,5 млн. м3 ба мақсади моҳипарварӣ ва 1970,6 млн. м3 ба мақсади истифода дар неругоҳҳои барқи обӣ ва марказҳои барқу гармидиҳӣ ва 676,4 млн. м3  дар дигар соҳаҳо об истифода шудааст.

Оид ба ҳамоҳангсозии татбиқи Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии ТоҶикистон барои солҳои 2016-2025, Вазорат дар якҷоягӣ бо БР СММ Семинари миллӣ оид ба ҳамоҳангсозии ислоҳоти соҳаи об санаи 12 марти соли 2021 дар маҶлисгоҳи Китобхонаи миллӣ дар мавзўи “Мувофиқакунии муҳлатҳо ва натиҷаҳои Барномаи рушди миёнамўҳлат барои солҳои 2021-2025” ва “Барномаи ислоҳоти соҳаи оби ТоҶикистон барои солҳои 2016-2025” баргузор намуд.

Ҳамзамон, ҷиҳати пешбурди сиёсат ва таҷрибаи кишвар оид ба соҳаи об дар сатҳи байналмилалӣ, аз ҷумла амалигардонии Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 ва баргузор намудани Конфронси дуюми байналмилалӣ доир ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” дар шаҳри Душанбе, санаи 16 июни соли 2021 ҷаласаи Кумитаи байналмиллалии машваратӣ оид ба татбиқи “Раванди Душанбе” баргузор гардид.