Нишасти матбуотӣ оид ба натиҷагирии фаъолияти Вазорат дар соли 2021

31 январи соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ бо натиҷаҳои фаъолият дар соли 2021, бо иштироки роҳбарияти Вазорат ва намояндагони воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла шабакаҳои телевизионии “Сафина”, “Ҷаҳоннамо”, “Душанбе”, “Шабакаи якуми Тоҷикистон”, АМИТ “Ховар”, агентиҳои иттилоотии “Азия Плюс”, “Интерфакс”, “Спутник Тоҷикистон”, “МТРК Мир”, рӯзномаҳои минбари халқ, “Ҷумхурият”, “Народная газета”, радиоҳои “Садои Душанбе”, “Тоҷикистон”, “Ховар”, “Озоди”, “Овози Тоҷик”, “Радиои бурунмарзӣ” баргузор гардид.

Дар оғози нишаст ба намояндагони воситаҳои ахбори омма оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои энергетика, захираҳои об ва нафту газ дар соли сипаригардидаи 2021 ҳисоботи мухтасари қаблан омода кардашуда дар шакли варақа пешниҳод карда шуд, да он иҷрои нақшаҳои дохилӣ ва ичрои дигар чорабинихои соҳавӣ ба таври фишурда маълумот дода шуд.

Қайд карда шуд, ки дар соли 2021 истеҳсол ва таъмини пурраи бозори дохилӣ бо неруи барқ, содироти неруи барқ, ҷамъоварии маблағи неруи барқи истифодагардида аз муштариён ва пешбурди корҳои зиддисамавӣ корҳои муайяне ба сомон расонида шудаанд.

Сипас, рӯзномнигорон ба саволҳои худ, ки бештар ба мавзӯъи таъмини устувори неруи барқ, масъалаҳои марбут ба ҷорӣ намудани низоми назорат ва ҳисоби неруи барқ, самаранокии васлу насби лавҳаҳои офтобӣ фаъолияти неругоҳҳои барқи обии кишварсодироти неруи барқ ба хориҷи кишвар, вазъи воридотии маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ ба кишвар ва дигар масъалаҳои соҳа дахли доштанд, аз ҷониби роҳбарияти Вазорат ва ниҳодҳои зертобеъ посухҳои қаноатбахш гирфтанд

Дар охири нишасти матбуотӣ Вазири энергетика ва захираҳои об ба намояндагони воситаҳои ахбори омма вобаста ба ҳамкориҳояшон дар пешбурд ва инъикоси дастоварду мушкилоти дар фаъолияти ҳамарузаи Вазорат ҷойдошта, алалхусус кӯшишҳои кормандони соҳа баҳри таблиғи мавзӯъҳои рӯзмарра, аз ҷумла кам намудани талафоти неруи барқ, сарфаву  сариштакорона истифодабарии неруи барқ ва об ба амл овард.