Мулоқот бо Вазири энергетика ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Туркия

Санаи 28 апрели соли 2022 Далер Ҷумъа – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Туркия ҷаноби Фатиҳ Донмез ба таври фосилавӣ мулоқот анҷом дод. Зимни мулоқоти мазкур ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.  Баъд аз сухани ифтитоҳӣ,  муаррифии ҳайати намояндагони Вазорат ба ҷониби Туркия Далер Ҷумъа иброз дошт, ки мо бояд иқтидори худро баҳри тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои обу энергетика тавассути платформаҳои гуногун ва ривоҷи муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии мутақобилан судманд, ки ба боз ҳам беҳтар гардидани некуаҳволии мардуми ин ду кишвар равона хоҳад гашт, дар оянда сафарбар намоем. Муносибатҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия,  аз ҷумла дар самти энергетика бо такя ба захираҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон, муҳим арзёбӣ мегардад.

Илова бар ин, қайд гардид, ки Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдории худро ба Ҷумҳурии Туркия, ҳамчунин барои дастгирии рушди соҳаҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон баён  намуда, омодагии худро баҳри тақвият ва густариши ҳамкориҳо дар самти неруи гармӣ, сохтмони неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ, инчунин истихроҷ ва коркарди нафту газ бо дар назардошти таҷрибаи бойи Ҷумҳурии Туркия дар самтҳои зикргардида иброз менамоем.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 мизбони якчанд чорабиниҳои сатҳи байналмилалию минтақавӣ аз ҷумла Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таҳти унвони “Конфронси СММ оид ба бознигарии миёнамуддати фарогири ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки он рўзҳои 6-9 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, мебошад. Аз ин лиҳоз ва бо дарназардошти таҷрибаи бойи Ҷумҳурии Туркия дар самти идоракунии захираҳои обӣ, аз Вазири энергетика ва захираҳои табиӣ, ширкатҳои бонуфуз ва сармоягузорони Ҷумҳурии Туркия ҷиҳати иштирок дар Конфронси мазкур даъват ба амал оварда шуд.