Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергетика ва инфрасохтори Амороти Муттаҳидаи Араб масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд

Дар доираи Конгресси умумиҷаҳонии энергетика ва саноати об, ки 9-11 майи соли 2022 дар пойтахти Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор гардид, мулоқоти Далер Љумъа – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва саноати Аморати Муттаҳидаи Араб Суҳайл бин Муҳаммад Ал Мазруї баргузор гардид.

Ҷонибҳо оид ба самтҳои имконпазири ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши энергетика табодули назар карданд. Далер Ҷумъа бо ишора ба зарфиятҳои қобили мулоҳизаи Тоҷикистон дар тавлиди энергияи сабз аз таваҷҷуҳи Амороти Муттаҳидаи Араб ба омӯзиши маблағгузории тарҳи бунёди НБО «Роғун» истиқбол кард. Ў инчунин нақшаҳои Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бобати ба кор андохтани иқтидорҳои нави тавлиди нерӯи офтоб ва бодро, ки Амороти Муттаҳидаи Араб дар ин самт таҷрибаи назаррас ва равишҳои навоварона дорад, қайд намуд.

Мавзӯи иштироки ширкатҳои Амороти Муттаҳидаи Араб дар коркард ва азхудкунии минтақаҳои ояндадори нафту гази Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин баланд бардоштани иқтидори кадрҳое, ки дар ин бахш кор мекунанд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Пешниҳод карда шуд, ки робитаи доимӣ дар сатҳи гурӯҳҳои корӣ ҷиҳати муайян намудани самтҳои ояндадори ҳамкорӣ ва дар ояндаи наздик миёни коршиносони вазорат бо намояндагони ширкати «МАСДАР» ва «Мубадала Петролиум» аз Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор карда шавад.