Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергетикаи Федератсияи Россия масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи энергетикаро баррасӣ карданд

20 майи соли 2022 дар Душанбе вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва вазири энергетикаи Федератсияи Россия Николай Шульгинов зимни мулоќот рӯзномаи дуҷонибаи ҳамкорӣ дар соҳаи энергетикаро баррасӣ карданд.

Зимни баррасиҳо имконоти ҳамкориҳои мутақобила дар бахши энергетика, аз ҷумла масъалаи интиқоли маҳсулоти нафтӣ аз Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуд. Ҷонибҳо ҳамчунин, як қатор масъалаҳои марбут ба фаъолияти ҶСК «НБО Сангтӯда-1»-ро мавриди баррасӣ ќарор доданд.

Роњбарони соњаи энергетикаи ду кишвар зимни суханронињояшон аз густариши робитаҳои энергетикӣ, аҳамияти фаъолияти боэътимоди системаҳои энергетикии кишварҳои Осиёи Марказї ва дигар масъалањои марбута изњори назар намуданд.

Вазири энергетика ва захирањои оби Љумњурии Тољикистон раванди идомаи пайвастани дубораи системаи энергетикии Тоҷикистон ба системаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ, дурнамои дарёфти бозорҳои нави неруи барқро қайд кард. Вазири энергетикаи  Федератсияи Россия ҳамчунин хостори пуштибонӣ аз ширкати Русия дар Шӯрои ҳамоҳангсозии неруи барқи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба унвони узви комилҳуқуқ шуд.