Вохўрии Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири захираҳои об ва беҳдошти Ҷумҳурии Нигер

Санаи 7 июни соли 2022 дар ҳошияи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», вохўрии Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Вазири захираҳои об ва беҳдошти Нигер ҷаноби  Адамоу Маҳаман доир гардид, ки меҳвари асосии сўҳбат масъалаҳои марбут ба соҳаҳои обу энергетика маҳсуб меёфт.