Вохўрии Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири Руминия – мушовири давлатӣ оид ба рушди устувор дар Ҳукумати Руминия

Санаи 8 июни соли 2022 дар ҳошияи баргузории Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Далер Шофақир бо Вазир – мушовири давлатӣ оид ба рушди устувор дар Ҳукумати Руминия ҷаноби Ласло Борбели вохўрӣ анҷом дод. Сараввал Ҷумъа Далер Шофақир минатдории худро ба Ҳукумати Руминия ҷиҳати иштироки ҳайати ин кишвар дар конфронси мазкур баён намуда, густариши ҳамкориҳоро дар соҳаи об бо ин кишвари минтақаи Аврупо ба манфиати кор иброз намуд.