Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи панелии «Нерӯи барқ дар давраи тағйирот» иштирок намуд

Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, муњтарам Ҷумъа Далер Шофакир дар ҷаласаи панелии «Нерӯи барқ ​​дар давраи тағйирот», ки 16 июни соли 2022 дар доираи Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург баргузор гардид, иштирок намуд.

Дар баромади худ вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди босуръати соҳаи энергетикаро қайд намуд. Вазир, њамчунин оид ба ислоҳоти соҳа суханронӣ намуда, аз таҷдиди сохтори ШСХК «Барқи Тоҷик» ба се корхонаи ҷудогонаи истеҳсол, интиқол ва тақсимоти нерӯи барқ ​​ёдовар шуда, ҳадафҳои стратегии ба кор андохтани иқтидорҳои нави энергетикиро, асосан аз хисоби бунёди неругоњњои барқи обӣ, инчунин нақшањои наздиктарини Точикистон дар сохаи рушди энергетикаи офтобу шамол, зикр намуд.

Дар ҷаласаи мазкур, њамчунин губернатори вилояти Челябинск – Александр Текслер, вазири энергетикаи Федератсияи Россия – Николай Шульгинов, директори генералӣ, раиси Раёсати ҶСП “Россети” – Андрей Рюмин, раиси Раёсати ҶСК “Оператори системавӣ”. «Системаи ягонаи энергетикӣ» – Федор Опадчий, раиси Раёсат, директори генералии ҶСП «РусГидро» – Виктор Хмарин, узви Шӯрои Иттиҳоди химикҳои Русия – Дмитрий Конов ва сармуҳаррири маҷаллаи таҳлилии «Геоэнергетика” – Борис Марцинкевич,  ширкат варзиданд.