Иштирок дар Ҳафтаи ҷаҳонии об дар ш. Стокголми Шоҳигарии Шветсия

Рӯзи 28 августи соли 2022 дар ш. Стокголми Шоҳигарии Шветсия Ҳафтаи ҷаҳонии об зери унвони «Дидани нодиданиҳо: Арзиши об» (Seeing the unseen: The value of water) оғоз гардид, ки дар он ҳайати Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Ҷамшед Шоимзода муовини якуми вазир ширкат ва гӯшаи намоишии ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи обро ташкил намуд.

Дар чорабинии мазкур намояндагону коршиносон аз кишварҳои гуногуни олам ва созмону ташкилотҳои пешбарандаи масъалаҳои марбут ба иқлиму захираҳои оби сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ иштирок намуда, дар доираи он ҷаласаҳои сатҳи баланд, семинару барномаҳои омӯзишӣ, муаррифии чорабиниҳои марбут ба об, ғурфаҳои намоишӣ ва наворҳо манзур гардида, меҳвари асосии муҳокимаву гуфтугузорҳоро мавзуҳои алоқаманд ба арзиши об барои одамон ва рушд, табиат ва тағйирёбии иқлим ва ҷанбаҳои молиявию иқтисодии об ташкил хоҳанд дод.

Ҳафтаи ҷаҳонии об то санаи 1 сентябри соли равон идома ёфта, иштирок ва суханронии ҷониби Тоҷикистон дар чорабиниҳои гуногуни он дар нақша мебошад.