Шоимзода Ҷамшед Шодӣ

Муовини якуми Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 августи соли 1981 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.

Фаъолият:

Солҳо: 1998-2003 Донишҷўи Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ бо ихтисоси муҳандис-иқтисодчӣ хатм кардааст

Солҳо: 2003-2005  Мутахассис оид ба хариди ҶСК «Субҳина – Т»;

Солҳо: 2006-2007 Мутахассиси бахши таҳлили Департаменти сиёсати энергетикӣ, сармутахассиси Шуъбаи таҳлил, мониторинг ва сарфаҷўии энергия, ёвари Вазири энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Сол: 2007 (01-09) Сармутахассиси Шуъбаи идоракунӣ ва сарфаҷўии энергияи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Солҳо: 2007-2014 Мутахассиси пешбар, сармутахассис, сардори Шуъбаи ҳамоҳангсозии ёрии хориҷии Раёсати сармоягузорӣ, Сардори Раёсати ҳамоҳангсозии ёрии хориҷӣ ва идоракунии лоиҳаҳо, сардори Сарраёсати сармоягузорӣ ва ҳамоҳангсозии ёрии хориҷии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Солҳо: 2014-2015 Сардори Сарраёсати сиёсати энергетики ва захираҳои оби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Солҳои 2015-2020  Муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз 3 ноябри соли 2020  Муовини якуми Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.