6-уми июн Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар Ҷаласи 64-уми Шурои электроэнергетикии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тариқи маҷозӣ ширкат намуд.
Дар оғози вохӯрӣ аз ҷониби аъзои Шуро Сивилёв Сергей Евгеневич, Вазири навтаъини энергетикаи Федератсияи Россия, ба муҳлати як сол Президенти Шурои электроэнергетикии ИДМ интихоб гардид.
Пас аз сухани ифтитоҳии роҳбари тозаинтихоб, коршиносон вобаста ба мавзуъҳои “Тамоюлҳои муосири рушди саноати электроэнергетика, иқтидорҳои саноатӣ, манфиатҳои ҳамгироӣ”, “Иқтидори энергетикаи атомӣ барои иҷрои уҳдадориҳои иқлимии давлатҳо ва ширкатҳои алоҳида, рушди занҷирҳои истеҳсолӣ», “Хавфҳои иқлимӣ: муайянкунӣ, арзёбӣ ва чораҳои мутобиқшавӣ” ва “Таҳқиқи қобилияти ғунҷоишии обанборҳои неругоҳҳои барқи обӣ. Ҷорӣ намудани низоми арзёбии мувофиқати объектҳои гидроэнергетикии истифодашаванда ба меъёрҳои рушди устувор дар кишварҳои ИДМ” маърузаҳо ироа карданд.
Бояд гуфт, ки Ҷаласи 64-уми Шурои электроэнергетикии ИДМ дар чаҳорчӯбаи Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург доир гашт.