
6-уми сентябри соли 2024, Душанбе. – Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо садо додани Суруди миллӣ ҳамоиши идона бахшида ба Ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки васеи кормандони дастгоҳи марказӣ ва ниҳодҳои зертобеъ шуруъ гардид.

– Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон кишвари ташаббускор, пешоҳанг ва таъсиргузор дар пешбурди рӯзномаи чаҳонии марбут ба обу иқлим эътироф гардидааст. Мусаллам аст, ки обрӯю нуфуз ва мавқеи устувори кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ, дар натиҷаи татбиқи сиёсати хирадмандонаву ҳусни ҳамҷавории Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардидааст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз эътироф кардааст, ки Пешвои миллати тоҷикон ташаббускори шаш иқдоми бузург мебошанд, ки ҳар яки он барои аҳли башар ҳаётан муҳим ба шумор меравад, – таъкид кард Далер Ҷумъа.

Сипас, кормандон доир ба моҳият, ҷойгоҳи бузурги истиқлоли давлатӣ дар сарнавишти миллати тоҷик, зарурати ҳифзи он ва аҳамияти дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ баромад намуданд.

Дар фароварди ҷамъомади тантанавӣ бо фармоиши вазири энергетика ва захираҳои об ба як қатор корманди соҳаи энергетика, захираҳои об ва нафту газ ифтихорномаи Вазорат тақдим карда шуд.