
15-уми ноябри соли 2024, Боку (Озарбойҷон). – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар Форуми сармоягузории гузариши энергетикӣ барои Осиёи Марказӣ, ки дар ҳошияи Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим доир гашт, иштирок ва суханронӣ намуд.
Зимни баромади худ вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки 98 фоизи барқ дар Тоҷикистон бо истифода аз захираҳои обӣ истеҳсол шуда, ҳиссаи кишвари мо ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ дар сатҳи паст қарор дорад. Дар баробари ин, дар Тоҷикистон бо истифода аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия, неругоҳҳои офтобӣ бунёд шуда истодааст.
Зикр шуд, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ роҳҳои афзоиш додани истифодаи энергияи барқароршаванда ва декарбонизатсияро таъмин намуда истодаанд, зеро банақшагирии ҳамгирошудаи минтақавӣ ва кӯшишҳои мушаххаси давлатҳо барои коҳиш додани партовҳо ва гузариш ба энергияи тоза аҳамияти ҳалкунанда доранд.