
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии муовини якуми Сарвазири кишвар Ҳоким Холиқзода дар пойтахти Арабистони Саудӣ – шаҳри Риёз бо роҳбари Гурӯҳи Бонки исломии рушд доктор Муҳаммад ал-Ҷассер мулоқот намуд.

Ба хотири саҳми арзандаи доктор Муҳаммад ал-Ҷассер дар рушди ҳамкориҳои дуҷониба аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯ бо мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – ордени «Дӯстӣ» қадр карда шуд.
Зимни суҳбат зикр гардид, ки то имрӯз аз ҷониби Гурӯҳи Бонки исломии рушд барои дастгирии лоиҳаҳо дар соҳаҳои мухталиф 825 миллион доллари ИМА ҷудо шудааст.
