ИШТИРОКИ ДАР ЧОРАБИНИИ “ДИВЕРСИФИКАТСИЯИ МАНБАЪҲОИ ЭНЕРГИЯ: СУРЪАТ БАХШИДАН БА САРМОЯГУЗОРИИ МУСТАҚИМИ ХОРИҶИИ ЛОИҲАҲОИ ЭНЕРГЕТИКӢ ВА МАЪДАНҲО”

26-уми ноябри соли 2024, Риёз (Арабистони Саудӣ). – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар ҳошияи 28-умин Конфронси ҷаҳонии сармоягузорӣ дар чорабинии канорӣ, ки таҳти унвони “Диверсификатсияи манбаъҳои энергия: Суръат бахшидан ба сармоягузории мустақими хориҷии лоиҳаҳои энергетикӣ ва маъданҳо” иштирок ва суханронӣ намуд.
Зимни суханронӣ Далер Ҷумъа ба ҳадафҳои калидии бахши энергетика, ки дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 муайян шудааст, ишора намуда, иброз дошт: “Расидан ба ҳадафҳои калидии бахши энергетика аз рӯйи консепсияи 10/10/10/10 амалӣ мешаванд, ки тибқи онҳо афзоиши иқтидори лоиҳавии низоми электроэнергетика ба 10 ГВт расонида хоҳад шуд. Инчунин, содироти солонаи неруи барқ ба кишварҳои минтақа дар ҳаҷми 10 млрд. кВт.соат дар назар аст”.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги энергетикӣ буда, неруи барқ, асосан дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда мешаванд. Истеҳсоли неруи барқ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда, аз ҷумла фотобию бодӣ дар ҳоли рушд қарор дорад.
Бояд гуфт, ки чорабинии мазкур ба пешбурди ҳамкориҳо ва ҷалби сармоягузории хориҷӣ ба лоиҳаҳои энергетикии кишвар муҳим мебошад.