ҶАЛАСАИ 2-ЮМИ ГУРӮҲИ КОРШИНОСОН ОИД БА ТАШКИЛИ БОЗОРИ МИНТАҚАВИИ НЕРУИ БАРҚИ КИШВАРҲОИ ИШТИРОКЧИИ СҲИ ДОИР ГАШТ

27-уми ноябри соли 2024, Душанбе. – Бо ташаббуси Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Реҷенсӣ» Ҷаласаи 2-юми Гурӯҳи коршиносон оид ба ташкили бозори минтақавии неруи барқи кишварњои иштирокчии Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ECO-REM) баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ Шарифа Худобахш, муовини вазири энергетика ва захираҳои об, суханронӣ намуда, иброз дошт: “Мутмаинам, ки муколамаи имрӯза ба мо имкон медиҳад, ки на танҳо ба ҳадафҳои гузошташуда расем, балки устуворӣ ва самаранокии низоми энергетикии худро дар шароити ҷаҳони зудтағйирёбанда ҳифз кунем. Биёед аз вохӯрии имрӯза ҳамчун имкони табодули таҷриба, андешаҳо ва пешниҳодҳое истифода барем, ки асоси табдил ва рушди бомуваффақияти бозори неруи барқи минтақавии моро ташкил медиҳанд.”.
Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ буда, дар ин замина сохтмони Неругоҳи барқи обии “Роғун” бо иқтидори 3780 МВт идома дорад. Бо пурра мавриди истифода қарор ин неругоҳ як миқдори муайяни неруи барқи истеҳсолшуда ба кишварҳои минтақа содирот карда мешавад.
Дар идома Мэттю Виттенштейн, сардори шуъбаи гузариши энергетикии UESSCAP ва Маматмуса Укубаев, корманди барнома оид ба энергетикаи Котиботи ECO баромад намуданд.
Зимни чорабинӣ «Лоиҳаи харитаи роҳи бозори минтақавии барқи ECO» муаррифӣ гардид.
Ёдовар мешавем, ки Ҷаласаи 2-юми гурӯҳи коршиносон оид ба ташкили бозори минтақавии неруи барқи кишварҳои иштирокчии Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ECO-REM) бо иштироки намояндагони давлатҳои Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Туркия, Эрон давоми ду рӯз ҷараён мегирад.