
28-уми ноябри соли 2024, Душанбе. Пас аз баррасии масъалаҳои дар Ҷаласаи 2-юми Гурӯҳи коршиносон оид ба ташкили бозори минтақавии неруи барқи кишварҳои иштирокчии Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ECO-REM) пешниҳодшуда, нимаи дуюми рӯз ҳайати коршиносон аз Неругоҳи барқи обии «Норак» боздид ба амал оварданд.
Ёдовар мешавем, ки Ҷаласа тайи ду рӯз (27-28-уми ноябр) бо ибтироки Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣбо Созмони ҳамкории иқтисодӣ роҳандозӣ гардида, дар кори он намояндагони давлатҳои Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Туркия, Эрон ва шарикони рушд ширкат доштанд.