БИЗНЕС-ФОРУМИ СОҲИБКОРИИ ТОҶИКИСТОНУ ПОКИСТОН БАРГУЗОР ГАРДИД

13-уми декабри соли 2024 дар пойтахти Покистон – шаҳри Исломобод маросими расмии ифтитоҳи Бизнес-форуми соҳибкории Тоҷикистону Покистон баргузор гардид, ки дар кори он вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамраиси Комиссияи муштарки ҷониби тоҷикистонӣ Далер Ҷумъа, вазири тиҷорати Покистон Ҷам Камал Хан ва доираи васеи соҳибкоронӣ ҳар ду ҷониб иштирок карданд.

Бизнес-форуми мазкур дар ҳошияи Ҷаласаи 7-уми Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон сурат гирифт.

Далер Ҷумъа, ҳамраиси Комиссияи муштарки ҷониби тоҷикистонӣ, иброз дошт, ки зимни мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф, ки моҳи июли соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе сурат гирифта буд, масоили вобаста ба рушду густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратию сармоягузорӣ, кишоварзӣ, зерсохторҳои нақлиётию энергетикӣ, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ матраҳ гардида, нақши Комиссияи муштарак оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ дар татбиқи ин ҳадафҳо муҳим арзёбӣ карда шуд.

Вазири энергетика ва захираҳои об аз шароити мусоиди фароҳамгардида барои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ёдовар шуда, таъкид кард, ки мулоқоту музокироти васеъ ва созандаи корӣ байни соҳибкорони ду кишвар ба густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ  ва дар зиёд гаштани ҳаҷми гардиш молу маҳсулот байни кишварҳо мусоидат хоҳад кард.

Маврид ба зикр аст, ки дар доираи Бизнес-форуми соҳибкорӣ ҳайати тоҷикистонӣ ба як қатор шаҳрҳои Покистон, аз қабили Лоҳур, Сиалкот, Гуҷранвала сафар намуда, аз корхонаҳои ин шаҳрҳо боздид ба амал оварда, инчунин, бо доираҳои соҳибкорӣ мулоқот анҷом медиҳанд.