
13-уми декабри соли 2024 дар шаҳри Исломобод Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамраиси Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон Далер Ҷумъаро ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо аҳамияти густариши бештари муносибатҳоро дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла тиҷорат, сармоягузорӣ, нақлиёт, энергетика, маориф, таъкид карданд.
Зимнан, зарурати татбиқи саривақтии лоиҳаи CASA-100, ки дорои аҳамияти минтақавӣ мебошад, муҳим арзёбӣ гардид.
Муҳтарам Шаҳбоз Шариф аз сафари ҳайати Тоҷикистон ба Покистон пазироӣ намуда, аз пешрафтҳо дар ҳамкориҳои дуҷонибаи кишварҳо дар бахшҳои гуногун дар доираи Комиссияи муштарак изҳори қаноатмандӣ кард.
Сарвазири Покистон аз сафари худ ба Тоҷикистон ва мулоқотҳои ахираш бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳрҳои Риёз (Арабистони Саудӣ) ва Боку (Озарбойҷон) ёдовар шуда, таманниётҳои неки худро ба Пешвои миллат иброз дошт ва умедворӣ кард, ки Сарвари давлат ба зудӣ ба Покистон сафар анҷом хоҳад дод.
Муҳтарам Шаҳбоз Шариф аз ёддоштҳои тафоҳум ва созишномаҳои ба имзо расида дар ҷараёни сафараш изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид дошт, ки татбиқи саривақтии ин санадҳо ба таҳкими бештари равобити дуҷониба мусоидат хоҳад кард.
Ҳамраиси Комиссияи муштарак Далер Ҷумъа аз истиқболи гарму самимӣ ва меҳмоннавозӣ ба Сарвазири Покистон арзи сипос баён дошт.
Ёдовар мешавем, ки вохӯрии мазкур дар ҳошияи Ҷаласаи 7-уми Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникиии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон сурат гирифт.