ВОХӮРӢ БО САФИРИ ИМА ВА РОҲБАР НАВИ USAID

16-уми декабри соли 2024, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мануэл Микаллер мулоқот намуд.

Зимни вохӯрӣ роҳбари нави намояндагии Агентии рушди байналмилалии ИМА (USAID) дар Тоҷикистон Ҷон Риордан муаррифӣ гардид.

Дар ин зимн, ҳамсуҳбатон ҳамкориҳои Тоҷикистон ва ИМА-ро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об, ки тавассути Агентии рушди байналмилалии ИМА амалӣ мегарданд, баррасӣ карданд.

Бо итминон иброз гардид, ки дар онянда низ муносибатҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Агентии рушди байналмилалии ИМА дар татбиқи лоиҳаҳои соҳаи энергетика ва захираҳои об тавсеа ва тақвият меёбанд.