СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ ОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2040 МУАРРИФӢ ГАРДИД

6-уми феврали соли 2025, Душанбе. – Бо ташаббуси Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ) дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency» ҷаласаи муштараки Гурӯҳи корӣ оид ба идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об ва Гурӯҳи кории ҳамоҳангсоз оид ба татбиқи Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори он муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода, намояндагони вазорату идораҳои кишвар, ҷомеаи илмӣ, коршиносони мустақил, созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, Иттиҳоди Аврупо, Бонки Умумиҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Бонки Авруосиёии Рушд, Дафтари ҳамкории Швейтсария, GIZ, USAID, UNICEF, UNDP, Бунёди Оғохон оид ба рушд, JICA, ACTED иштирок доштанд.

Дар ҷаласа Стратегияи миллии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, аз ҷумла Нақшаи амали он барои солҳои 2025-2027 муаррифӣ карда шуд. Дар доираи ин вохӯрӣ иштирокдорон самтҳои калидии рушди соҳаи об, сармоягузориҳои нақшавӣ, лоиҳаҳо ва ташаббусҳои нави шарикони байналмилалиро, ки ба татбиқи самараноки ҳадафҳои стратегии соҳа равона шудаанд, баррасӣ намуданд.

Зикр гашт, ки Стратегия санади муҳимест, ки принсипҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи идоракунӣ ва ҳифзи захираҳои обро муайян намуда, самтҳои стратегии идоракунии устувор ва ҳамгироёнаи захираҳои обро бо дарназардошти тағйирёбии иқлим таъмин мекунад ва асоси рушди дарозмуддати соҳа ва таъмини амнияти обиро мегузорад.

Татбиқи Стратегия ба ноил гардидан ба ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии кишвар оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар соҳаи об ва расидан ба Ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид нигаронида шудааст.

Иштирокчиён омодагии худро барои дастгирӣ дар татбиқи Стратегия изҳор намуда, аҳамияти онро барои рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд.

Бояд гуфт, ки Ҷаласаи муштараки гурӯҳҳои корӣ барои ҳамоҳангсозии талошҳо дар самти навсозии соҳаи оби Тоҷикистон, муттаҳидсозии захираҳо ва таҳияи роҳҳои муассир барои идоракунии устувори захираҳои об дар шароити тағйирёбии ҷаҳонии иқлим ҳамчун платформаи муҳим арзёбӣ мегардад.