
17-уми феврали соли 2025, Теҳрон (Эрон). – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон Аббос Алиабодӣ мулоқот намуд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаи энергетика мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва имкониятҳои таҳкими ҳамгироии энергетикӣ табодули назар карданд.
Вазирон, ки ҳамзамон, ҳамраисии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ, илмӣ ва фарҳангиро бар дӯш доранд, перомуни омодагиҳо ҷиҳати баргузории ҷаласаи навбатии комиссия, ки дар нимсолаи аввали соли равон дар Эрон ба нақша гирифта шудааст, суҳбат намуданд.
Зикр гардид, ки Комиссияи муштарак нақши калидӣ дар таҳкими робитаҳои дуҷониба дорад.