ИШТИРОК ДАР ҲАФТАИ ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲО-2025

Муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифа Худобахш дар Ҳафтаи идоракунии захираҳо-2025, аз ҷумла Иҷлосияи 16-уми Гурӯҳи коршиносон оид ба идоракунии захираҳо (EGRM-16), ки дар пойтахти Швейтсария – шаҳри Женева баргузор гардида истодааст, иштирок ва дар мавзуи «Ноил шудан ба бетарафии карбон тавассути гузариши одилонаи энергетикӣ: нақши идоракунии захираҳо» суханронӣ намуд.

Чорабинии мазкур, ки аз 24-ум то 28-уми марти соли 2025 идома меёбад, роҳбарони кишварҳо, коршиносон ва намояндагони созмонҳои байналмилалиро ба ҳам оварда, зарурати идоракунии устувори захираҳоро дар шароити гузариши энергетикӣ ва афзоиши талабот ба маъданҳои муҳим баррасӣ мегардад.

Муовини вазири энергетика ва захираҳои об зимни баромади худ ба аҳамияти рақамикунонӣ ва мутобиқгардонии низоми баҳодиҳии канданиҳои фоиданок, аз ҷумла нафту газ ба стандартҳои ҷаҳонӣ таъкид намуд. Мавсуф таҷрибаи Таснифоти канданиҳои фоиданок дар чорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳидро саривақтӣ ва зарурӣ арзёбӣ карда, онро ҳамчун як механизми муассир барои таъмини шаффофият ва самаранокии идоракунии захираҳо ном бурд.