
28-уми марти соли 2025, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо ноиби президенти ширкати «China Energy Engineering Group Со., Ltd.» (СЕЕС) Cюэ Данфэн вохӯрӣ намуд.
Ҷонибҳо масъалаи ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар самти манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва баланд бардоштани дониши касбӣ-техникии кормандони соҳаи энергетикаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Сипас, вобаста ба имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши гидроэнергетика рӯнамо манзур гардид.
Иброз гашт, ки СЕЕС миёни 500 ширкати бузурги ҷаҳонї дар мавқеи 269-ум буда, айни замон лоиҳаҳоро дар 140 кишвар татбиқ намуда истодааст.
Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳо изҳор доштанд.