
3-юми апрели соли 2025, Самарқанд (Ӯзбекистон). – Зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Шурои Иттиҳоди Аврупо Антониу Кошта ҳамкории ду ҷониба дар раванди ислоҳот, рушди соҳаи энергетика, таҷдид ва сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ намунаи шарикии босубот номида шуд.
Зикр гашт, ки Тоҷикистон ба ҷалби сармоя ва технологияҳои аврупоӣ дар татбиқи лоиҳаҳои соҳаи энергетика, аз ҷумла бунёди неругоҳи обии “Роғун” ва таҷдиди НБО “Норак” манфиатдор аст.
Таъкид шуд, ки Тоҷикистон дар ҷодаи пешбурди сиёсати “иқтисоди сабз” бо Иттиҳоди Аврупо ҳамназар аст.
Дар ин зимн, Стратегияи рушди “иқтисоди сабз”-и Тоҷикистон ва масъалаи тавлид ва содироти “энергияи сабз” муҳокима гардид.
Ҳамзамон, дар вохӯрӣ маҷмуи масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гашат.