
10-уми апрели соли 2025, Душанбе. – Бо иштироки вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон Ко Сакамото ҷаласаи гуруҳи корӣ оид ба энергетикаи назди Шурои ҳамоҳангсозии рушди Тоҷикистон доир гардид.
Дар меҳвари суҳбати ҷонибҳо баррасии ҷараёни татбиқи ислоҳоти бахши энергетикии кишвар қарор гирифт.
Ҳамзамон, нақшаи пешниҳоднамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба навсозии шабакаҳои интиқол ва тақсимоти неруи барқ дар пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе муҳокима шуд, ки ҳадафи он пешгирӣ аз садамаҳо ва қатъшавии барқ дар натиҷаи афзоиши босуръати талабот ба неруи барқ мебошад.
