
11-уми апрели соли 2025, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор зери роҳбарии Мэтю Гертнер вохӯрӣ намуд.
Зимни муколама ҷонибҳо доир ба масъалаи нишондодҳои молиявӣ ва ислоҳоти ба нақша гирифтаи ҶСК «Барқи Тоҷик» мубодилаи афкор намуданд.
Ҳамзамон, раванди татбиқи лоиҳаҳои стратегӣ дар соҳаи энергетика, аз ҷумла сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.