
16-уми апрели соли 2025, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо ҳайати Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти роҳбарии муовини корҳои байналмилалӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ, муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Алӣ Наҷафии Хушрудӣ мулоқот анҷом дод.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстона баргузор гардида, иброз гашт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкиму густариши бештари ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Исломии Эрон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, ин кишвари ба ҳам дӯсту ҳамзабонро яке аз муҳимтарин шарикони стратегии минтақавӣ дар Ховари Миёна арзёбӣ менамояд.
Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ҷониби тоҷикистонии Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ, илмӣ ва фарҳангӣ иброз дошт, ки гардиши савдои дуҷониба миёни кишварҳо дар се моҳи соли ҷорӣ 110,6 млн доллари ИМА-ро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 33,2 млн зиёд мебошад.
Қайд шуд, ки моҳи майи соли 2025 дар Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузории ҷаласаи 17-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ, илмӣ ва фарҳангӣ дар назар аст ва дар доираи он ҳамкориҳои дуҷониба боз ҳам тақвият хоҳанд ёфт.
Алӣ Наҷафӣ аз ба имзо расидани Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон истиқбол намуда, иброз дошт, ки санади мазкур натанҳо барои ин кишварҳо, балки барои минтақа аҳамияти хеле муҳим дорад.
Махсусан, таъкид гардид, ки бо иродаи қавии роҳбариятии олии кишварҳо – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён муносибаҳои тарафайни ду давлати ба ҳам дӯсту бародар дар оянда низ таҳкиму тавсеа меёбанд.