
05-уми майи соли 2025, Шероз (Эрон). – Бо мақсади таҳкими равобит ва тавсеаи ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаласаи 17-уми Комиссияи муштарак оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмӣ-техникӣ байни ду кишвар таҳти раёсати ҳамраисони комиссия – Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аббос Алиободӣ, вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Шероз ифтитоҳ ёфт.
Вазири энергетика ва захираҳои об нахуст ҳамдардӣ ва изҳори тассалияти амиқи ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба тамоми мардуми дӯсту бародари доир ба фоҷиаи нобаҳангоми бавуқуъомада дар Бандари «Шаҳид Раҷоӣ»-и шаҳри Бандар Аббос баён дошт.
Дар идома вазир аз сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён Ҷумҳурии Тоҷикистон (15-17-уми январи соли 2025) ёдовар шуда, аз ҷумла иброз дошт: “Зимни мулоқоту гуфтушунидҳои сатҳи баланд Роҳбарони Олии ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум масоили ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ ва дар робита ба рӯйдодҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуданд. Аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоти музокироти сатҳи олӣ 23 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд”.
Гуфта шуд, ки дар соли 2024 ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон 377,7 млн долларро ташкил дода, нисбат ба соли 2023-юм 123,2 млн. доллар ё 48,4 фоиз афзоиш ёфтааст.
Дар се моҳи аввали соли 2025 гардиши савдои дуҷониба 110,6 млн. долларро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 33,2 млн доллар ё 42,9 фоиз зиёд шудааст.
Дар кори комиссия тарафҳо дар фазои дӯстона ва ҳусни ҳамдигарфаҳмӣ роҳҳои густариши ҳамкориҳоро дар соҳаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, саноат ва маъдан, сармоягузорӣ, нақлиёт, молия ва бонкдорӣ, геология, харитасозӣ, стандартизатсия, гумрук, маориф, тандурустӣ, ҷавонон ва варзиш, об, нафту газ, энергетика, фарҳанг, технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсия, кишоварзӣ, садо ва симо мавриди баррасӣ қарор доданд.
Лозим ба ёдоварист, ки кори комиссия 06-уми майи соли 2025 бо имзои протоколи он ба анҷом хоҳад расид.